Намоиши байналмилалии “Хатлон-2014” анҷом ёфт

Август 22, 2014 10:17

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ-ярмаркаи байналмиллалии кишоварзӣ “Хатлон-2014” оғоз бахшиданд. 
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 100 соҳибкори соҳаи кишоварзӣ аз Тоҷикистон, аз ҷумла, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, деҳқонон, харидорон, соҳибони дастгоҳҳои сардкунанда, коркардчиёни маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯшандагони чакана дар якҷоягӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Иттиҳоди агробизнеси Тоҷикистон дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ иштирок намуданд. 
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки соҳибкорон аз Ҳиндустон, Туркия, Голландия ва Шветсия дар он ширкат варзиданд. Намоишгоҳ-ярмаркаи аграрӣ муддати ду рӯз давом кард.  Он имкониятҳои бозаргонии қисми ғарбии вилояти Хатлонро, ки ташаббуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири фардо” дар ин минтақа амалӣ мегардад,  таҷассум намуд.  Инчунин чорабинии мазкур ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ба ҳам омадан бо шарикони имконпазир аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам овард. 
 
 

Август 22, 2014 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад