Намоиши байналмилалии “Хатлон-2014” анҷом ёфт
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ-ярмаркаи байналмиллалии кишоварзӣ “Хатлон-2014” оғоз бахшиданд.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 100 соҳибкори соҳаи кишоварзӣ аз Тоҷикистон, аз ҷумла, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, деҳқонон, харидорон, соҳибони дастгоҳҳои сардкунанда, коркардчиёни маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯшандагони чакана дар якҷоягӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Иттиҳоди агробизнеси Тоҷикистон дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки соҳибкорон аз Ҳиндустон, Туркия, Голландия ва Шветсия дар он ширкат варзиданд. Намоишгоҳ-ярмаркаи аграрӣ муддати ду рӯз давом кард. Он имкониятҳои бозаргонии қисми ғарбии вилояти Хатлонро, ки ташаббуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири фардо” дар ин минтақа амалӣ мегардад, таҷассум намуд. Инчунин чорабинии мазкур ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ба ҳам омадан бо шарикони имконпазир аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам овард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






