Нашри китобҳои А. Деҳақӣ бо кириллӣ
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Иттифоқи нависандагони кишвар бо ҳузури шоирону нависандагон ва алоқамандони адабиёт намоиши чор китоби Амини Деҳақӣ, нависандаи ҷавони эронӣ бо номҳои «Мӯпарешонҳои бод», «Муллобача», «Муйсафед»ва «Лолии худованд» баргузор шуд.
Дар маҳфил дар баробарои шоиру нависандаҳои маъруфи тоҷик, ҳамчунин алоқамандони шеъру адабиёт, донишҷӯён ва устодони донишкадаву донишгоҳҳо ширкат ва суханронӣ карданд. Ин нахустин маҷмӯаи достону ҳикояҳои Деҳақӣ аст, ки ба хатти кириллӣ дар Тоҷикистон рӯи чоп омад аст. Ҳар кадоме аз ин китобҳо бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Бухоро» -и шаҳри Душанбе мунташир шудааст.
«Муллобача»- чунин ном дорад нахустин китоби Деҳақӣ, ки достони як ҷавонеро қисса мекунад ва мехоҳад худ ва модару хоҳарашро аз вартаи нодорӣ раҳо кунад. Ин китобро Шаҳобиддини Шуҷоъ аз форсӣ ба кирилӣ баргардонидааст. «Мӯпарешониҳои бод» аз ишқу муҳаббати поки инсонӣ, ватандӯстӣ, ҷоннисорӣ дар ҳифзи ватан ва рафоқату дӯстӣ қисса мекунад. Достони «Мӯйсафед» аз даҳшати ҷангу хушунат қисса мекунад, ки қаҳрамони ин асар талху шӯри зиндагӣ ва зарбаҳои путки рӯзгору шиканҷаҳои зиндонро зиёд чашида, дар мадди аввал бераҳму шафқат ба назар мерасад, аммо намехоҳад, ки ҷавонон ин ҳама даҳшати ҷангро, ки ӯ аз сар гузаронидааст, бубинанд.
Алиасғар Аминии Деҳақӣ дар шаҳри Райи Эрон ба дунё омада, дар бахши филмноманависӣ кор карда, як муддат ба унвони раиси коргоҳи филмноманависии маркази «Сабо» дар Эрон буд.
Нахустин бор соли 2009 барои ҳимояи рисолаи номзадиаш дар бахши сиёсатшиносӣ ба Тоҷикистон омада, чанд соле дар инҷо фаъолият кардааст ва дар охири соли 2012 дубора ба ватан бозгашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






