Натиҷагирӣ аз нишасти вазирони хориҷии аъзои СҲШ

Август 4, 2014 15:13

Душанбе, 04.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи васеи Кумитаи тадорукоти баргузории ҷаласаи Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.Дар ҷаласа нахуст рафти баргузории нишасти Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки охири моҳи сипаришуда дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид, натиҷагирӣ шуд. Сипас аъзои кумитаи тадорукот масоили марбут ба рафти омодагиҳо ба ҷаласаи Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки даҳаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад баррасӣ намуданд. Тавре таъкид гардид, дар ин чорабинии сатҳи баланд дар қатори сарони давлатҳои аъзои созмон, ҳамчунин иштироки роҳбарони дигар давлатҳои минтақа, ки кишварҳояшон дар назди созмон мақоми нозир ва мушоҳид доранд дар назар дошта шудааст.Бо назардошти муҳимияти чорабинии мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор намудани ҷаласаи Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Август 4, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад