Натиҷаи қуръакашии ФФТ маълум шуд
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дирӯз дар Душанбе қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2014 оид ба футбол баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи 10 дастаи лигаи олӣ — «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва ССКА «Помир» (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал — «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара» (Исфара», ки аз даври интихобӣ гузаштаанд, ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ки бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоӣ 27-уми августи соли равон, бозиҳои ҷавобӣ 8-уми сентябр баргузор мешаванд.
Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти «Хайр»/«Далерон-Ӯротеппа» мешавад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






