Натиҷаи баланди машғулиятҳои сафарбарӣ
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳамасола Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор доштаи шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ машғулиятҳои амалии саҳроӣ ташкил мекунад.
Ин навбат ин машғулиятҳо бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор доштаи ноҳияи Варзоб гузаронида шуд, ки дар он беш аз 400 нафар аз ҷамоату деҳоти ноҳия иштирок карданд. Афсарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва Комиссариати ҳарбӣ ба шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ин ноҳия, ки бори нахуст ба ин ҷамъомад ҷалб гардиданд, тарзи ба қисмҳо ҷудо намудану насб кардани яроқҳои оташфишон, нишон гирифтану тир кушодан ва усулҳои истифодаи онро дар шароити дашту кӯҳсор омӯзониданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, иштирокчиёни машғулиятҳои саҳроӣ, аз яроқҳои оташфишони сабуки ҷангӣ истифода карда, ҳадафи ба ҷамъомад пешбинишударо амалӣ намуданд. Бо назардошти он, ки натиҷаи машғулиятҳои саҳроӣ қонеъкунанда буд, масъулини Вазорати мудофиа ба сатҳи дониши аксар иштирокчиёни ҷамъомади омодагии сафарбарӣ баҳои баланд доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






