Назорати санитарию эпидемиологӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб, ки ҳамасола 845 иншоотро мавриди санҷиш қарор медиҳанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мутахасисони марказ тибқи нақшаи кори шуъбаҳо дар 843 иншоот санҷишҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ гузарониданд. Ба гуфти директории марказ Ҷамшед Рафиев дар давоми гузаронидани санҷишҳо барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ба 138 нафар шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида , ҷаримабандӣ шудаанд, ки натиҷаи он ба маблағи 9870 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид. Инчунин ҳуҷҷатҳои 12 нафар шаҳрвандон барои сари вақт насупоридани ҷаримаи таъинкарда , ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шуд. Манбаъ афзуд, ки дар рафти санҷиш аз бозорҳою нуқтаҳои савдо ва дуконҳо 683 кг маҳсулоти хӯрокаи бесифати муҳлати истифодаашон гузашта, аз муомилот гирифта шуда, 27 иншоотҳое, ки дар ҳолати ғайри- санитарию техникӣ қарор доштанд , фаъолияташон муваққатан манъ карда шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






