Неъматулло Эмомзода ба Муҳаммад Ҷавод Зариф эътимоднома супорид
Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 27 августи соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нусхаи Эътимодномаро супорид.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ёдовар шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, инчунин омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки он дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (11-12 сентябри соли 2014) табодули назар намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз таъйин шудани сафири нави Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд. Инчунин ӯ соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро мусбат арзёбӣ намуда, ҷойгоҳи ин созмонро дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






