Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Август 30, 2014 11:14

Душанбе, 30.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 26 августи соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Ардашер Қодирӣ бо иштироки сафирони муқими давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (Русия, Чин ва Қазоқистон), давлатҳои нозир (Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон) ва шарикони мусоҳибавии Созмони мазкур (Туркия), инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи Давлати Қатар, аз ҷумла шабакаи маъруфи телевизионии “Ал-Ҷазира” ва Агентии иттилоотии Қатар «Qatar National Agency» доир гашт.Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон ба самъи ҳозирин оид ба фаъолият, ҳадафҳо ва вазифаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, инчунин дар бораи корҳои анҷомпазируфта дар ҳошияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мазкур солҳои дар 2013-2014 маълумоти муфассалро пешкаш намуд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳозирин ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, ки 30-31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, инчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар чорчӯбаи созмони мазкур бо назардошти ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, ҷалб гардид.

Август 30, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд