Номаи ҳамдардӣ ба пайвандони “бонуи ғазали Эрон”
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Маросими дафни Симини Беҳбаҳонӣ субҳи 22 август дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро баргузор хоҳад шуд. Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи шаҳири Эрон, яке аз бузургтарин ғазалсароёни муосири форсизабон аст, ки бар асари бемории дил дар синни 87 бомдоди 19 август дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Ин шоираи саршиноси эронӣ беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод карда, ҳамчун “бонуи ғазали Эрон” маъруф аст. Ҳаводорони ашъори Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам зиёданд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандону наздикони Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи шаҳири Эрон, яке аз бузургтарин ғазалсароёни муосири форсизабон, ки бар асари бемории дил оламро падруд гуфт, номаи ҳамдардӣ фиристод.
«Марги ин шахсияти шинохта дӯстдорони олами шеърро такон дод. Симини Беҳбаҳонӣ шоираи бузурге буд, ки ашъораш дар Тоҷикистон низ алоқамандони зиёд дошт, аз шеърҳои ӯ хонандагони тоҷик лаззати маънавӣ бурдаанд ва шоирони навҷӯ дар пайи пайравӣ ба ӯ роҳу равиши тозаи худро пайдо кардаанд», омадааст дар номаи ҳамдардӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






