Оғози қабул ба Коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Август 19, 2014 16:54

Душанбе, 19.08.2014 (АМИТ “Ховар”).-Ҷиҳати ба амал баровардани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба қабули ятимон, бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи оилаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар, инчунин дигар шаҳрвандон оид ба тайёр намудани мутахассисони воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд, ки қабули хатмкунандагон ба ин муассисаи таълимӣ оғоз гардид.
Коллеҷи мазкур довталабонро пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра (баъди синфи 9) ва  таҳсилоти ҳамагонӣ (баъди синфи 11)  аз  ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ қабул менамояд.
Дар коллеҷ хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, адабиёт ва ғайра маълумот гирифта, ҳамзамон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои  олии Ватан, инчунин  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 4 ва 2 сол таълим мегиранд.
Ба коллеҷ ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон ҷалб  мешаванд
Пас аз хатми Коллеҷи милитсия ба хатмкунандагон рутбаи лейтенанти милитсия дода шуда, онҳо метавонанд бо ихтисоси азхуд намуда то ба рутбаи капитани милитсия дар воҳидҳои таъйиноти махсус фаъолият намоянд. Инчунин онҳо метавонанд баъди хатми Коллеҷи мазкур таҳсилро дар Академияи ВКД ё макотиби олии кишвар идома диҳанд.
Коллеҷи милитсия дар бинои Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, шароити мусоид, аз қабили ҷойи хоб, таълим ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.
Телефонҳо барои маълумот: 227-70-46, 227-61-94, 221-15-31, 223-23-31. 
 

Август 19, 2014 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид