Оғози Чемпионати ҷаҳон- таэквандо ITF
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон ва собиқадорон шурӯъ шуд.Дар мусобиқаи ҷаҳонии таэквондо ITF, ки маротибаи аввал дар Тоҷикистон баргузор шудааст, беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард. Дар доираи ин мусобиқот наврасон барои 14 маҷмӯи медалҳо ва собиқадорон барои 10 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Рақобатҳо дар ду гурӯҳ — байни наврасони 14-15-сола ва 16-17-сола — сурат мегирад. Дар мусобиқаи собиқадорон варзишгарони синнашон 40-сола ва аз он боло ширкат варзида, дар се гурӯҳ рақобат мекунанд.Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 43 варзишгар, аз он ҷумла 20 духтар, намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқаи собиқадорон чаҳор варзишгари тоҷик қувваозмоӣ хоҳанд кард.Ёдрас мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории чемпионати мазкур 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Инчунин Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон якҷо бо шариконаш барои ин мусобиқот 400 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






