Оғози идораи захираҳои об дар вилояти Суғд
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» лоиҳаи нави миллии идораи захираҳои обро дар вилояти Суғд оғоз намуд.
Бино ба гуфтаи масъули бахши робита бо ҷомеаи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» Дилбар Рузадорова, мақсади асосии лоиҳа ин пурзӯр намудани идораи захираҳои обӣ дар сатҳи миллӣ, ҳавзаи дарё, каналҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба об, таъминоти ғизоӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки аз об вобастагӣ доранд ва беҳтар гардонидани ҳаёти мардум дар минтақаҳои интихобшудаи деҳнишини қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир мебошад.
Лоиҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об дар ҳамкории бевосита бо Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, Агентии мелиоратсия ва ирригатсия дар ҳамаи сатҳҳо, дар ҳамкории зич бо вилояти Суғд ва ҳукумати маҳал, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва фермерон дастгирӣ менамояд.
Лоиҳа аз ҷониби Раёсати швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) дар Тоҷикистон ба муҳлати 4 сол (2014-2018) ба андозаи 7,4 миллион CHF(франки швейтсарӣ) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа аз тарафи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар якҷоягӣ бо Агентии ҳамкории техникӣ (ACTED) ва Ҳамкории Байналмилалии Олмон (GIZ) амалӣ мешавад.
Дар бобати дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи об, лоиҳа дар навбати аввал, ба масъалаи таъсис ва инкишофи ташкилотҳо ва Шӯрои машваратии ҳавзаи дарё дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир аҳамият медиҳад. Ҳамзамон лоиҳа дар самти пурқувват намудани иқтидор бо ҳамаи он ташкилотҳое, ки шомили идораи захираҳои обӣ ҳастанд, аз тариқи ҷалби онҳо ба ҷараёни банақшагирии идораи захираҳои обӣ ҳамкорӣ хоҳад намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






