Оқибатҳои бади садамаҳои нақлиётӣ

Август 25, 2014 15:34

Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода ). – Рӯзҳои  истироҳати  гузашта  дар  роҳҳои  ҷумҳурӣ чор  садамаи  нақлиётӣ  рух  дод. 
Назар  ба  хабари  ВКД ҶТ, ронандаи  мошини  тамғаи «Opel-Astra»  Далер Бобоҷонов ҳангоми  ҳаракат  дар  ҳудуди  шаҳраки Гулоби ноҳияи  Бохтар аз уҳдаи  идораи  нақлиёт  набаромада, сокини  деҳа  Мавҷинисо Азизоваро пахш  кард,  ки дар  натиҷаи  ин  ҷабрдида ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта  дар  беморхона  ҳалок  гардид. 
Дар  ҳудуди  ҷамоати  деҳаи Чимтеппаи  ноҳияи  Рӯдакӣ ронандаи  мошини «Hyundai Starex»  Исмоил  Азимов, ки аз   шаҳри  Душанбе  сӯи  шаҳри  Қӯрғонтеппа  ҳаракат  мекард,  бехатарии  амнияти  ҳаракатро  таъмин  накарда, сокини  ноҳияи  Мӯъминобод  Баҳром  Табаровро пахш  намуд, ки  ҷабрдида  дар  роҳи  сӯи  беморхона ҷон  дод.
Худи  ҳамон рӯз  ронандаи  мошини  тамғаи «Volkswagen Golf» Парвиз  Ашӯров —  сокини  шаҳри  Душанбе,  дар  88 – ум  километрии ҳудуди  ҷамоати деҳаи  Бохтариёни  ноҳияи  Бохтар  аз  уҳдаи  идораи  нақлиёт набаромада, Мустафо  Сафоеви  чорсоларо  пахш  намуд, ки бар  асари  он кӯдак ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта  дар  беморхона   ҳалок  шуд.
Ронандаи  сечархаи  «Скутер»  Шайдо  Насриддинов —  сокини ноҳияи  Ванҷ,   низ  қоидаҳои  ҳаракати  нақлиётро  вайрон  намуд. Номбурда  ҳангоми  ҳаракат  аз  ноҳияи  Ваҳдат  ҷониби  шаҳри  Роғун  ба мошини тамғаи  «Hafei», ки онро  сокини  ноҳияи  Файзобод  Манон  Ҷалолов  идора  мекард,  бархӯрд.
Шайдо  Насриддинов  ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта  дар  беморхона  фавтид.

Август 25, 2014 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад