Оқибатҳои нохуши никоҳи бармаҳал

Август 27, 2014 09:27

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои он» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он занони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар мутахассисони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, САҲШ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, дин ва ҷавонон иштирок дошта, роҷеъ ба масъалаи мазкур сухан гуфтанд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин оид ба оқибатҳои нохуши никоҳи бармаҳал, ки сабабгори ҷудошавӣ ва фавти модару кӯдак, аз таҳсилу ҳунаромӯзӣ дур шудани духтарон, ҳамаҷониба омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, афзун гардидани безурётии ҷавонон ва дар натиҷа дар муҳити носолим тарбия гирифтани фарзандон аст, изҳори нигаронӣ шуд.Ҳамзамон зикр гардид, ки натиҷаи ин камбудиҳо ба паст шудани сатҳи некӯаҳволии халқ, коста гардидани маданияту одоби оиладорӣ, зиёд гардидани теъдоди ҷудошавии оилаҳо ва бесаробон мондани фарзандон оварда мерасонад.

Август 27, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад