Омӯзиши қоидаҳои ҳаракат барои наврасон
Душанбе, 18.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Наврасону ҷавонон боигарии ҳар як давлату миллатанд. Бояд онҳо тавре тарбия ёбанд, ки дар оянда ба халқу ватан хизмат намуда, барои ободию шукуфоии сарзамини хеш нақши муассир гузоранд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа пуштибонӣ намуда, барои рушди маънавии онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2700 мактаби замонавии бо компютер ва бо интернет пайвастро барои онҳо ба хотире, ки ба хониш фаро гирифта шуда, дар оянда ҳамчун мутахассис барои ободу зебо намудани сарзамини хеш ҳисса гузоранд, сохтабунёд ва азнавсози шудааст. Дар ин робита суҳбате доштем бо мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолидддин Нуров.
Ба иттилои мавсуф, баъд аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки 23 майи соли 2005 бо ҷавонон баргузор шуд, теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 нафар ба 300 нафар расид. Ҳамзамон теъдоди ҷавононе, ки аз тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳии оли кишвар шомил мешуданд, аз 300 нафар ба 1000 нафар расонида шуд. Аммо боиси таассуф аст, ки дар солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон боло рафта,боиси нигаронӣ шудааст.Дар вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо кормандони соҳаи пракратура, ки 10 июли равон баргузор гардид, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, махсусан аз фоҷиа ва садамаҳои нақлиётие,ки аз надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни наврасон ва ба вуқуъ пайваста буд, изҳори нигаронӣ намуда, махсусан бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар сари чанбараки мошин нишастани ноболиғон ва ҷавононро таъкид дошт.
Дар шоҳроҳи Душанбе- Курғонтеппа аз ҷониби ноболиғ идора шудани мошин боиси марги шаш нафар аз як оила гардид, ки онҳо наврасону ҷавонон буданд. Барои пешгирии чунин фоҷиаҳои даҳшатовар ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва кормандони ҳифзи ҳукуқро вазифадор намуданд.
Ҳамзамон бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 24 июли соли ҷорӣ фармоиш оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар самти «баланд бардоштани шуурнокии наврасону ҷавонон ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ба имзо расидааст, ки тибқи он Кумита омодагии якҷоя ба Иттифоқи автомабилчиён ва дигар сохторҳои дахлдор дар асоси нақшаи муштарак дар саҳифаи матбуоти ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ барномаҳои радиоӣ ва телвизиониро зери рубрикаҳои «Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ -кафолати солимии мо» ва «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро меомўзем» ба роҳ монда, вохӯрию мусоҳибаҳоро дар ин мавзуъ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои миёна ва олии касбӣ ва коллеҷҳо доир намояд. Ҳамзамон Кумита дар назар дорад,ки бо мақомоти дахлдор дар доираи имконият маводи иттилоотиро дар сурати китобчаи ҷайбӣ бо номи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» барои хонандагон ва донишҷӯён нашр намояд ва барои омўзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нақши муассир гузорад.
Ҳамзамон ман ҳамчун корманди соҳаи ҷавонон аз роҳбарияти Сарраёсати бозрасии автомобилӣ даъват ба амал меорам, ки хатҳои гузаргоҳҳоро дар шаҳру ноҳияҳо равшан намоянд. Масъулони хешро соатҳои муайян ҳангоми ба мактаб рафтани наврасону ҷавонон ва бозгашти онҳо аз мактабу донишгоҳҳо дар гузаргоҳҳо барои амнияти онҳо масъул намоянд.
Ҳамзамон дар гузаргоҳҳо бояд нишонае, ки суръати мошинаҳоро дар гузаргоҳои муайяншуда танзим менамоянд, гузоранд. Ҳамчунин аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват ба амал меорем, ки соатҳои таълимиро дар доираи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар як сол 20 соат муайян шудааст, зиёд намоянд. Дар ин сурат метавонем сатҳи ҷинояткориро миёни наврасону ҷавонон кам намуда, дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем, иброз дошт мудири бахши таҳлилиию иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров.