Омода намудани бозрасҳои молии аршад дар Тоҷикистон
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Чанде пеш дар шаҳри Норак курси махсуси омӯзишӣ барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар оғоз ёфт.
Иқдом аз ҷониби Феҳрасти байналмилалии бозрасони молии IRCA роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз баргузории он омода кардани бозрасҳои молии (аудитор) аршад доир ба ISO 9001 дар Тоҷикистон мебошад.
Иштирокчиён асос ва усулҳои роҳандозии низоми мудирияти сифат мутобиқ ба меъёри ISO 9001, раванди бозрасӣ (аудит), шумули барномарезӣ ва таҳияи ҳисоботро меомӯзанд.
Дар сурати муваффақона супурдани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байналмилалии ширкати олмонии «TUV IYORO CERT CMH» хоҳанд шуд, ки се сол эътибор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






