Омодагӣ ба нахустин Форуми ихтироъкорон
Душанбе, 19.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе нахустин Форуми ихтирокорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз ихтироъ то инноватсия» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш тақвияти фаъолияти ихтироъкорон дар ҷумҳурӣ, баррасии ҳалли мушкилоти соҳа, истифодаи самараноки ихтироот дар соҳаҳои саноат, истеҳсолот, баҳогузории фаъолияти ихтироъкорон ва истифодаи ихтироот ва инноватсия дар ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин баргузории нахустин Форуми ихтироъкорон ба тавсеаи ҳамкории байналмилалии ихтирокорон ва бахши хусусӣ мусоидат менамояд.
Назар ба иттилои Лӯъбат Шарифова -сардори Раёсати санҷиши давлатӣ, ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ- дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, академияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши хусусӣ иштирок хоҳанд кард.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо бархе аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






