Омодагии АНМН ба ҷашнҳои дар пешистода
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҷаласаи видеоӣ, ки дирӯз директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода бо роҳбарони раёсатҳои вилоятии агентӣ доир намуд, масъалаҳои омодагӣ барои зимистонгузаронӣ, тайёрӣ барои дар сатҳи лозима гузаронидани ҷашнҳои дар пеш истода ва натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар моҳи июли соли равон баррасӣ гардиданд.Директори агентӣ диққати ҳозиринро барои ҳар чӣ зудтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда равона карда, масъулин ва вақти бартараф намудани онҳоро муқаррар намуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар моҳи сентябри соли равон Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ ва ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад, дар моҳи ноябр бошад, 20 солагии Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ дар саросари ҷумҳурӣ бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин бояд ҳар як сохтори агентӣ дар баробари анҷом додани корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, ороиш додани дарун ва беруни биноҳои маъмурӣ, тайёр намудани овезаҳои дахлдор, ба тартибдарорӣ ва кабудизоркунии заминҳои гирду атрофи биноҳо ба анҷом расонанд.Доир ба натиҷаҳои фаъолият дар моҳи июли соли равон бошад, Рустам Назарзода таъкид намуд, ки он ба талаботе, ки Президенти кишвар зимни суханрониаш дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ (10 июли соли 2014) дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, ҷавобгӯ нест. Зикр гардид, ки корҳои фаврӣ барои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ҷоннок карда шаванд. Парвандаҳои ҷиноятии боздошташуда ва парвандаҳое, ки аз парвандаҳои асосӣ ҷудо карда шудаанду нисбат ба ҷинояткорон кофтуков эълон карда шудааст, бояд аз сари нав пурра омӯхта шуда, нисбат ба шахсони гунаҳкор ҷораҳои мурофиавӣ андешида шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






