Ошкоршавии ҷинояти сармуҳосиб

Август 21, 2014 11:28

Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Сармуҳосиби Донишкадаи исломии Точикистон Нишон Ниёзов бо гумони даст доштан дар ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта дастгир шудааст. 
Тавре  ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Нишон Ниёзов аз соли 2012, хамчун муҳосиби музди меҳнати шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ ва аз соли 2013 дар вазифаи сармуҳосиби шуъбаи мазкур кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш, яъне давоми солҳои 2012 ва 2013 ва 6 моҳи соли 2014 бо истифода аз ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайр бо рохи сохтакории хизматӣ даст задааст. 
Гуфта мешавад, ки  новобаста аз он, ки дар асоси суратҳисоби расмии дар БДА «Амонатбонк» буда, ба маблағи 51491.88 сомонӣ ҳамаи музди маошро гирифтааст, боз иловатан ғайриқонунӣ тавассути почтаи электронй дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» низ ба номи худ суратҳисоби музди меҳнат кушода, ба суратҳисоби худ мунтазам аз ҳисоби андоз аз шахсони воқей маблағи 71 378.42 сомониро ба номи худаш ҳамчун музди маош интиқол додааст. 
 Баъдан ӯ ин маблағҳоро аз нуқтаҳои банкоматҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе васлнамудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» гирифта, онҳоро тасарруф намуда, ба давлат ба миқдори калон зарари молиявӣ расонид. 
 Оиди ҳолати мазкур 8 августи соли 2014 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Ниёзов Н.С. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Август 21, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад