«Паймон»- филми ҷадид дар синамои тоҷик

Август 22, 2014 15:03

 
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Як гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Суғд филми наверо бо номи “Паймон” наворбардорӣ кардаанд. Продюссери ин филм рӯзноманигори ҷавон Дилошӯб Орифзода ва коргардонаш Муҳиддини Музаффар мебошанд, ки қаблан филми ҳунарии “Ормонҳо”-ро сабт намудаанд. 
Гуфта мешавад, ки дар филми “Паймон” мушкили мубрами рӯзи ҷомеаи тоҷик — аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон ба саҳна оварда шуда, сенарияи он ба қалами Бахтиёр Каримов тааллуқ дорад. Нақшҳои калидии филми “Паймон”-ро ҳунармандони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова, Сироҷиддин Ғафурӣ ва Хуршед Мустафоев иҷро кардаанд.
Хазинаи филми «Паймон» 212 ҳазор сомониро ташкил дода, лаҳзаҳои он дар маконҳои зебои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла қаҳвахонаи “Хушбахтӣ”, ширкати ширии “Афзали Суғд”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонхонаи “Эҳсон” ба навор гирифта шудаанд.
Осими Орифпур, директори филми “Паймон” дар шарҳи номи ин филм мегӯяд: “Зери мафҳуми “Паймон” паймонҳои баставу дар ниҳоят шикаста ниҳон аст. Паймони дӯст, паймони азиз, паймони ёр. Ҳар ном бояд ақаллан 30 дарсади маънии матлабро фаро гирад. Вожаи “паймон” ба мазмуни филмнома мувофиқ аст. Аз ин рӯ филм “Паймон” ном гирифт”.
Ин гурӯҳи ҷавонони вилояти Суғд мегӯянд, филми ба навор гирифтаи онҳо интизор меравад, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шавад. Таҳиягарони филми “Паймон” мегӯянд, барои дастгирӣ аз Лутфулло Давлатов, раҳбари муассисаи давлатии Телевизиони Сафина сипосгузоранд.
 
 
 
 

Август 22, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад