Пайвастан ба маркази ягонаи энергетикӣ наздик аст
Хоруғ 8.08.2014. (АМИТ «Ховар» , Файз Мирасан).- Солҳои охир сифати барқрасонӣ ба муштариёни шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфи назар аз фаслхои сол хеле беҳтар гардид. Ин неъмати бебаҳоро тоҷикони кӯҳистон аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Бо иқдоми нек ва бунёдкоронаи Сарвари мамалакат Эмомалӣ Раҳмон 20 сол қабл дар вазъияти вазнини сиёсию иқтисодӣ аввалин дастгоҳи неругоҳи барқи обии «Помир» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва минбаъд ба таҷдиду бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ асоси воқеӣ гузошт. Ширкати «Помирэнерҷи» имрӯз бисёр барномаҳои азими энергетикиро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон амалӣ мегардонад. Ба мақсади интиқоли босифати неруи барқ ба истеъмолкунандагон аввалин маротиба дар вилоят бунёди хатти баландшиддати дузанҷира шуруъ гардид. Соли гузашта дар масофаи 10 км аз шаҳри Хоруғ то деҳаи Гожаки ҷамоати Дарморахт хатти баландшиддат бо насб гардидани сутунҳои оҳанини баландиаш то 28 метр ба анҷом расонда шуд. Дар амалӣ гардондани ин лоиҳаи мураккаб кормандони техникии ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Бадахшон ТАДЭС» ҳиссаи шоиста доранд. Ба гуфти раиси ҷамъияти мазкур Амрихудо Назархудоев, мо кӯшиш намудем, ки ҳамаи сутуну симҳои барқӣ дар кӯҳдоманҳо, дар як ҷои дур аз офати табиӣ васл карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






