Парвоз барои мухлисони мунтахаби кишвар ба Минск
Душанбе, 23.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Федератсияи футболи Тоҷикистон аз роҳандозии як парвоз барои мухлисони тими миллии кишвар ба Минск хабар дод.
Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, парвози мазкур барои мухлисонест, ки мехоҳанд бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Беларусро тамошо кунанд.
Гуфта мешавад, ки арзиши парвоз барои ду тараф 1200 доллари амрикоист. Харҷҳои дигар, ба монанди хӯрдану ҷои зист аз ҳисоби худи мухлисон хоҳад буд.
Ёдрас мешавем, ки дидори дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларус 4 сентябр (соати 21:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “Борисов-Арена” -и шаҳри Мински Беларус баргузор мешавад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






