«Пеш аз сафар бидон»-семинари маърифатӣ

Август 22, 2014 10:35

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба гуфтаи кормандони Раёсати Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ таҳти унвони «Муҳоҷирати бехатар» ва «Пеш аз сафар бидон» семинарҳои маърифатӣ нақши муҳим мебозанд. Бо назардошти ин, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  боз марҳилаи дуюми корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба нақша гирифтааст. Дар ин самт Раёсат бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятц ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар чунин вохӯриҳо мутахассисон сокинони шаҳру ноҳияҳоро  дар бораи  тағйироту иловаҳо ва санадҳои нави қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ шинос менамоянд.
Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ хабар доданд. 
 
 

Август 22, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд