Пешгирии бонувон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳо
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҷаласаи Шӯрои сайёри Кумитаи кор бо занон ва оила бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.
Чунин вохӯрию сӯҳбатҳо дирӯз дар ноҳияи Бохтар ва рӯзҳои 22 — 23-юм дар ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав дар мавзӯи «Пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни занону духтарон» баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории ин ҷаласаҳо оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дастгирии ҷавонони боистеъдод, ҷалби духтарон ба мактаб, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон, занону духтарон, ноболиғон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳо ва даст задан ба амалҳои номатлуб мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






