«Пешгирии зӯроварӣ дар оила»-конфронс
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- «Пешгирии зӯроварӣ дар оила»- таҳти чунин унвон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи гирд доир гардид.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, мизи мудаввар бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд дар он директори лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон — Зебо Шарипова, намояндаи лигаи мазкур дар вилояти Суғд — Хуршеда Мӯҳсинзода ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигина Ҷӯраева бо 20 нафар раиси Шӯрои занони ҷамоатҳо мубодилаи афкор намуданд.Дар конфронс оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ дар байни занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон музокира сурат гирифт.Дар интиҳо тасмим гирифта шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи кории махсус доир ба пешгирии зӯроварӣ таъсис дода шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






