Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик
Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод). Шатранҷбозони тоҷик дар даври севвуми Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Тромсои Норвегия бар дастаҳои Ямайка ва Черногория пирӯз шуданд.Тавре ки дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, дар Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Тромсои Норвегия бо ширкати 177 дастаи мардона ва 136 дастаи занона ҷараён дорад, даври севвуми мусобиқот ба анҷом расид. Дар сабқати мардон шатранҷбозони тоҷик дар даври севвум бар дастаи Ямайка ғолиб омадаанд. Дар сабқати занон мунтахаби Тоҷикистон дар даври севвум дастаи Черногорияро шикаст дод. Дар даври чорум дастаи мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Индонезия ва шатранҷбозони тоҷик бо дастаи Юнон рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, ки баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар сабқати мардон дастаҳои Фаронса, Сербия, Русия, Узбекистон ва Ҳолланд, ки 3-имтиёзӣ доранд, пешсафанд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи 63-юм қарор дорад. Дар сабқати занон мунтахаби Эрон пешқадам аст. Дар зинаҳои баъдӣ дастаҳои Чин, Арманистон, Русия ва Индонезия ҷойгир шудаанд. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ҷойи 54-ум мебошад. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Норвегия то рӯзи 14-уми августи соли равон идома хоҳад ёфт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






