Президент бо соҳибкорону сармоягузорон мулоқот менамояд
Душанбе, 28.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ мулоқот менамояд. Дар доираи ин мулоқот моҳи октбяри соли равон дар Душанбе нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкори муҳаррики иқтисодиёт» баргузор мегардад.
Форуми мазкур тибқи супориши Сарвари давлат, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 30 май садо дода буд, гузаронида мешавад.
Аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории нахустин Форуми иқтисодию сармоягузорӣ рушду тавсеаи соҳибкорӣ, сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар мулоқот ва Форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалию молиявӣ иштирок хоҳанд кард.
Соҳибкорон ва сармоягузорон метавонанд пешниҳодоти худро вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва проблеамву монеаҳои он, тариқи сомонаи www.gki.tj ва www.investmentcouncil.tj пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






