Пурзӯр гардонидани тадбирҳои амниятӣ
Душанбе,14.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар паи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки нимаи аввали моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, тадбирҳои амниятӣ дар пойтахти кишвар пурзӯр гардонида мешаванд. Дар ин росто шуруъ аз моҳи августи соли равон дар Душанбе реҷаи шиносномавӣ ба роҳ монда шудааст. Аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, зеро таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки вақтҳои охир омаду рафти шаҳрвандон аз манотиқи мухталифи кишвар ба пойтахт ба маротиб афзудааст. Вале на ҳамаи он шаҳрвандоне, ки озими Душанбе мегарданд, қоидаҳои будубош ва низоми шаҳрдориро риоя менамоянд. Алҳол гузаронидани реҷаи шиносномавӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар маҳаллаю шаҳракҳои дар ҳудуди назорати шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 ноҳияи Синои пойтахт ҷараён дорад. Тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар пойтахт реҷаи шиносномавӣ дар ноҳияҳои дигари шаҳр -Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур низ гузаронида мешавад.Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни гузаронидани реҷаи шиносномавӣ аз тарафи шаҳрвандон 124 ҳолати риоя нагардидани талаботи моддаҳои 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ- яъне бе қайди зист истиқомат намудан муайян карда шуда, нисбат ба ҳуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инчунин зимни гузаронидани ин чорабинӣ 8 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи шикорӣ, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани норинҷак ва 12 дона тир ошкор ва мусодира шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






