Рамзи 3000- солагии Ҳисор- нишони неъмату фаровонии сарзамин
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қаблан пешниҳодшудаи рамзи 3000 — солагии Ҳисор такмил дода шуд, ки дар он рамзи «офтоб» ва расми «пахта» инъикос ёфтааст.Гуфта мешавад, ки рамзи Ҳисор ба шакли давра тасвир шуда, давродаври он бо се ранг-сурх, сафед ва сабз, яъне рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфтааст. Дар дохили ранги сафед қисми болоиро навиштаҷот бо хатти кирилик ва лотинӣ — «Ҳисор 3000» оро медиҳад. Дар қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор- нишони ифтихорию қаҳрамонӣ ва аз болои онҳо хӯшаҳои гандум — рамзи кишоварзӣ ва неъмат дида мешаванд.Дохили давра дар заминаи ранги осмонӣ ду махлуқи болдори афсонавӣ — грифтонҳо (омехтаи даранда ва паранда) бо ранги тилло тасвир ёфтаанд, ки рӯй ба ду ҷониб мебошанд. Байни болҳои онҳо, ки шакли кӯҳро низ доранд, офтоби фурӯзон ҷойгир аст.Байни махлуқот аз қисмати пеш баргҳои ток ва хӯшаи ангур — рамзи фаровонӣ ва хушнудию абадият тасвир ёфтаанд.Дар қисми поёнии давра пахтаи шукуфон ва дигар рустаниҳо — нишони неъмату фаровонии сарзамин тасвир ёфтаанд.Ёдовар мешавем, ки шаҳри Ҳисор дар Шоҳроҳи бузурги абрешим ҷой гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун шаҳри бархурди тамаддуну фарҳангҳо ва ҳамчун сарзамини зарнисор таъмингари неъмати кишоварзӣ дар минтақа ба шумор мерафт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






