Риояи талаботҳои истифодаи замин

Август 4, 2014 16:33

Панчакент, 04.08.2014 (АМИТ «Ховар», Гулибахор Худоибердиева).- Имрӯз дар Кумитаи идораи заминсозии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишастро раиси Кумитаи идораи заминсози Саидҷон Шодиев ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд кард,ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои истифодабарандагони замин 839 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дастрас ва 140 адад қарорҳои раиси шаҳри Панҷакент оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин ба тавсиб расонида шуда аст. Мувофиқи нақшаи кори таъмини Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатномаи саҳми замин аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент мунтазам ба назорат бурда мешавад.  Оид ба беҳтар намудани ҳолати назорати истифода ва ҳифзи замин, риояи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонии фермерӣ »ва Кодекси ҳуқук вайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кумита гурӯҳи назоратӣ ташкил карда шуд, ки ҳар ҳафта оид ба фаолияти худ ҳисобот медиҳанд Дар фарҷоми нишаст С.Шодиев ба саволҳои хабарнигорон посухҳои ҷолиб дод.

Август 4, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд