Риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Чкалов 155 маъракаҳо гузаронида шудаанд, ки он нисабати ҳамин давраи соли гузашта 10 маърака беш буда, дар маъракаҳои баргузоршуда 586 594 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст.Тавре, ки аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, давоми шаш моҳи соли равон зиёда аз 30 рейдҳои муштарак дар тӯйхонаву тарабхонаҳо, инчунин бо раисони маҳаллаҳои шаҳр дар маҳаллаҳо гузаронида шуда, риояи қонун мавриди санҷиш қарор дода шудааст.Гуфта мешавад, ки феълан дар шаҳр оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ду комиссияи доимӣ, 36 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр амал мекунанд ва дар татбиқи қонуни мазкур саҳмгузорӣ намуда истодаанд.Мавриди зикр аст, ки комиссияҳои мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият бурда истодаанд. Дар ин давра аз ҷониби аъзоёни комиссия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба моҳият ва қабули Қонуни мазкур дар корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо, новобаста аз шакли моликияташон гузаронида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






