Роғун: Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Роғун, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Ҳафтаи равон дар шаҳри Роғун муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимова бо занону духтарони шаҳри Роғун баргузор шуд.Дар вохурӣ оид ба қонунҳои мамлкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии зуроварӣ дар оила, нашъамандӣ дар байни занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дар ҷаласаи васеъ музокира карда шуд.Инчунин мавқеи занон дар ҷомеа махсусан, таълиму тарбияи фарзанд ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин вохурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боиси хушнудист, ки аз шаҳри Роғун занҳои ҷинояткор ва гирифтори нашъамандӣ то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






