Роҳи хиёбони И.Сомонӣ кай боз мегардад?
Душанбе, 23.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-26 августи соли равон роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино аз ибтидои моҳи август баста шуда буд, барои ҳаракати нақлиёт кушода мегардад.
Шавкат Саидов -котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин муддат дар доираи омодагиҳо ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар Душанбе доир мегардад, 2,5 километр роҳи хиёбони И. Сомонӣ таъмир карда шуд. Дар таъмири асосии роҳи хиёбони И. Сомонӣ, ки аз Қасри Президент то гардиши Қарияи Боло сурат гирифтааст, аз буҷети шаҳр 16,7 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






