Рушди ҳунарҳои мардумӣ
Душанбе, 06.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кардааш таъкид дошт, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Бо назардошти иҷрои ин дастури Сарвари Давлат дар муассисаҳои таълимии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал беш аз 4 ҳазор нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбҳои қолинбофӣ, қуроқидӯзӣ, бофандагӣ ва сӯзанидӯзӣ ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Турсунзода сехҳои «Нафосат» ва «Моҳниссо» ба фаъолият оғоз карданд.Мавриди зикр аст, ки дар аксар литсейҳои касби-техникӣ таҷҳизотро барои омӯзиши касби қолинбофии дастӣ харидорӣ намуда, барои ин касбро омӯзонидан шурӯъ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






