Сӯхтор аз сабаби истифодаи нодурусти таҷҳизоти газӣ
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дирӯз тахминан соати 01:00-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Сулаймонов Абдуҷаббор Мутталибович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Сарои ноҳияи Ашт, дар масоҳати 160-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки сабаби сар задани сӯхтор нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти газӣ мебошад. Зарари расонидашуда 19 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар нимсолаи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кишвар 599 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






