С. Лисовский: «Маскав омодааст марказҳои логистикӣ кушояд»

Август 13, 2014 11:25

Душанбе, 13.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Маскав омодааст барои дастгирии истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва истеъмолкунандагони Русия технологияҳои муосири истеҳсол ва ба содирот омода кардани меваю сабзавотро ворид карда, бо ташкили марказҳои логистикӣ теъдоди фармоишҳоро барои харидории навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон мушаххас намояд». Ин матлабро Сергей Лисовский — раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрию озуқаворӣ ва истифодаи захираҳои табиат зимни мулоқоташ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе иброз намудааст. Мусоҳибон ба тавсеаи равобити ҳасанаи Тоҷикистону Русия, хусусан ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода, дурнамои онро нек арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки баргузории Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки октябри соли равон дар Маскав доир мегардад, дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистоун Русия нақши муассир хоҳад гузошт. Ҷонибҳо дар доираи баргузории Форум матраҳ намудани масъалаи истеҳсол, коркард ва интиқоли меваю сабзавотро аз Тоҷикистон ба бозорҳои Русия мувофиқи мақсад шумориданд. Интизор меравад, дар моҳи октябр ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ бо сафари расмӣ ба Русия хоҳад рафт.

Август 13, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад