Саҳми Тоҷикистон ба рушди СҲШ

Август 27, 2014 11:21

 Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода ). – 11 ва  12  сентябр дар  шаҳри  Душанбе   ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории  Шанхай баргузор  мегардад. 

Имсол  раёсати ин  созмони  муҳимро  Тоҷикистон  ба  уҳда  дорад.
Мақсади  асосии  Тоҷикистон ба  ҳайси  кишвари   раёсаткунанда  пеш  аз  ҳама  роҳандозии  ҳамкории судманди  сиёсӣ,  иқтисодӣ ва   фарҳангию   гуманитарӣ  ба  манзури  амнияти  кишварҳои аъзои  СҲШ  буд. 
Дар  давраи  раёсати  Тоҷикистон  ҷаласаҳои Шӯрои  ҳамоҳангсозии  миллии СҲШ,  ҳамчунин    машваратҳои  байни вазоратҳои  корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои   созмони  мазкур  аз рӯи  масоили мухталифи фаъолияти  созмон,  мулоқоти  коршиносони   хадамоти  сарҳадӣ,  ҷаласаи  24  —  уми  Шӯрои   сохтори зиддитеррористии  минтақавӣ,  ҷаласаи  навбатии  гурӯҳи  корӣ  ҷиҳати  таҳкими  заминаи  шарномавию  ҳуқуқии ҳамкорӣ  баргузор  шуданд. Ғайр  аз  ин, 1  апрели  соли  2014  дар  шаҳри  Қайроққуми  вилояти  Суғд  машварати вазирони  мудофиаи  кишварҳои  аъзои  СҲШ,  17  апрели  соли  2014  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  9 – уми  дабирони  шӯроҳои  амният  баргузор  гардида, 14 ва  15  май  дар  ҳамон  ҷо  конфронси  илмию  амалии  байналмилалӣ  дар  мавзӯи  «Созмони  ҳамкории  Шанхай  дар  таъмини  амнияти  минтақа: масоилу  дурнамо» доир  шуд. 
10 ва  11  июн  дар  шаҳри  Душанбе таҳти  раёсати  Тоҷикистон  машварати  вазирони  фарҳанг, 19  июн  машварати  роҳбарони  мақомоти  салоҳиятдор ҷиҳати  мубориза бо  гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир, 30 ва  31  июл  ҷаласаи   Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷӣ,  ҳамчунин  ҳамоиши  аҳли  тиҷорат ва ҷаласаҳои Шӯрои иттиҳодияи  байнибонкӣ ва  Шӯрои  корчаллонҳои  СҲШ ва  чорабиниҳои  дигар  рӯи  кор  оварда шуданд. 
Дар  назар  аст, ки  сарони  давлатҳои  аъзои  созмон дар  ҷараёни  ҳамоиш мавзӯи такмили  минбаъдаи  фаъолияти  созмонро  мавриди  муҳокима  қарор  дода,  аз  рӯи  масоили  мубрами  минтақавию  ҷаҳонӣ  табодули  афкор  карда,  роҳҳои  такмили   ҳамкории  СҲШ бо  давлатҳои   мушоҳид  ва  мушориконро  баррасӣ  намуда,  ҳамчунин давлати  дар  солҳои  2014 – 2015  раисикунандаро  интихоб  кунанд. Баъди  анҷоми  ҳамоиш  дар  кишварамон  сарони  давлатҳо  ҳуҷҷатҳои  дахлдорро  ба  имзо  мерасонанд. 
Ёдовар  мешавем, ки  Созмони  ҳамкории  Шанхай  то  15  июни  соли  2001 «Панҷгонаи  Шанхай»  ном  дошта,  дар  асоси   созишномаҳои байни  Тоҷикистон,  Қазоқистон,  Қирғизистон,  Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  дар  бораи  густариши тадбирҳои  ҳусни  тафоҳум  дар   соҳаи  ҳарбӣ  дар  манотиқи  сарҳадот  таъсис  ёфта буд.
Қобили  зикр  аст, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  яке  аз  давлатҳои  таъсисдиҳандаи  СҲШ  ба шумор  рафта ва  ба  ҳамкорӣ  дар  ҳошияи   иттиҳодияи  мазкур  аҳамияти бориз  медиҳад. 

Август 27, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад