Сад рӯзи ободонӣ дар Мастчоҳ
Душанбе, 25.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ дар саҳни мактаби варзишии наврасону ҷавонони ноҳия бо иштироки 50 нафар наврасу ҷавон дар доираи 100 рӯзи ободонӣ зери шиори»Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем” шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ ҷавонону наврасон атрофи биноро тоза намуда, дарахтонро сафед намуданд. Ҳамзамон ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза ва раҳҳои хирашудаи варзишгоҳро аз нав равшан намуданд.
Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар мактаби номбурда 900 нафар наврасу ҷавон аз рӯи 12 намуди варзиш тамрин менамояд, ки дар ин рӯз якҷоя бо кормандони Хоҷагии коммуналӣ ва шуъбаи эпидемиологии ноҳия 500 дона гули зеборо шинониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






