Садамаҳои марговар

Август 30, 2014 12:25

Душанбе, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 28 августи соли ҷорӣ соати 18:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Урал”, рақами давлатиаш 16-07 ГБА, Ҳасанов Машраб Зардакович, соли таваллудаш 1948, сокини деҳаи Чухаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рост чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин рӯзи 29 августи соли ҷорӣ соати 10:50-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “ЗИЛ-43410”, рақами давлатиаш 65-72 АВ 08, Асоев Фатҳуддин Маҳмадрасулович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ғалаба ба самти кӯчаи Рӯдакии ш.Ваҳдат аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ Раҳматов Додарбек соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Ғалабаи шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтиши ҳодисаҳои мазкур идома дорад.

Август 30, 2014 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад