Садамаҳои нақлиётии фоҷиабор
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ронандаи мошини тамғаи “ Lexus GX 450”, Шуҳрат Саъдуллоев, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ. Румӣ ба тарафи ноҳияи Қумсангир бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Opel-Vektra”, ки ба шаҳрванд Раҳимбек Бурҳонов, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Қумсангир тааллуқ дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “ Lexus GX 450 ” Ш. Саъдуллоев ва мусофираш Сайфиддин Туманов, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари мошини мазкур Абдураҳим Нуруллоев, соли тавалулдаш 1975 ва Зоиров Зубайдулло, соли таваллудаш 1978, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи “Opel-Astra”, Гулмурод Ёров, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Машъал ба самти маркази ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба тарафи канори роҳ баромада, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷа худи ронанда Г. Ёров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири мошини мазкур Фураймонбек Ашуров соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






