Сафар ба Русия бо шиносномаи хориҷӣ
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мувофиқи тағйиротҳои воридгардида ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия фаъолият менамояд, як қатор талаботҳои нав ҷорӣ карда шудаанд. Аз моҳи январи соли 2014 инҷониб шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дар давоми 90-рўз аз лаҳзаи воридшавӣ иҷозат барои кор ё патентро дастрас накардаанд, бояд ҳудуди онро тарк намоянд. Дар чунин ҳолат шаҳрвандон танҳо баъд аз 90-рўзи аз санаи хориҷшавиашон аз ҳудуди Федератсияи Русия ҳуқуқи дигарбора барои фаъолияти меҳнатӣ бозгашт ба ин кишварро надоранд. Қаблан чунин талабот ҷой надошт ва шаҳрвандон метавонистанд, баъд аз як рўз аз санаи хориҷшавиашон ба Федератсияи Русия бозгарданд. Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз якуми январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ, инчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хизматӣ ва дипломатӣ ба роҳ монда мешавад. Хотиррасон мекунем, ки то ин муддат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд аз шиносномаҳои дохилӣ истифода намоянд. Ҳамзамон, пас аз 1 январи соли 2015 барои дастрас намудани иҷозатномаи кор ва патент ҷиҳати ишғоли ҷойҳои корӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши донистани забони русӣ, таърихи давлат, ҳуқуқ ва фарҳанги он ба роҳ монда мешавад. Танҳо шахсони баландихтисос, маъюбон ва кўдакони то синни 18-сола аз чунин санҷиш озод мебошанд. Маълумоти мушаххас дар бораи талаботи нави қонунҳои Федератсияи Русия оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишварро муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо дастрас намоянд. Ҳар нафаре, ки мақсади дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ карданро дорад, аз қонуну қоидаҳои ин кишвар, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст, ҳатман бояд огоҳ бошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






