Сафари ҳайати Парлумони Япония ба Тоҷикистон
Душанбе, 01.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 30 июл-1 августи соли 2014 сафари ҳайати палатаи болоии Парлумони Япония бо роҳбарии узви Ҳизби либерал-демократӣ Масаҳиса Сато ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.Дар рафти сафар мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайати мазкур бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Лола Бобохоҷаева ва инчунин раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов баргузор гардиданд.Дар ҷараёни мулоқотҳо, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Япония баҳои баланд доданд. Ҳамзамон аз ҳолати ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус дар доираи Барномаи кӯмаки расмии Япония барои рушд (ODA) изҳори қаноатмандӣ гардид. Дар ин робита, оид ба аҳамияти тақвият ва густариши соҳаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори назар карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






