Сафари гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ба Бадахшон
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мутахассисони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани давраҳои омўзишӣ, барои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба шаҳри Хоруғ сафар карданд. Ҳайати гурўҳи корӣ дар маркази омўзишии қисми ҳарбии 2848 СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба хизматичиёни ҳарбии гузаргоҳҳои назди сарҳадӣ ва кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ семинари дастурдиҳӣ доир намуд.Тавре ки намояндагони гурўҳи корӣ баён доштанд, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз сафар ба кишварҳои дуру наздик бояд дар мадди аввал ҳуҷҷатҳои заруриро ба танзим дарорад. Дар бораи давлати сафар мекардааш маълумот дошта бошад, зеро ҳар давлат қонун ва қоидаҳои давлатдории худро дорад ва шаҳрвандони хориҷӣ онро бояд риоя намоянд.Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат бештар ба қонуну дастурҳои ин давлат такя намуда, ба марзбонони гузаргоҳҳои назди сарҳадӣ тарзи пур кардани варақаҳои муҳоҷиратиро шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин онҳо бобати ихроҷ сухан намуданд. Марзбонон шаҳрвандонро бояд қаблан огоҳ намоянд, ки онҳо ба муҳлати муайян ҳуқуқи сафар ба кишвари Русия надоранд.Коршиносони Хадамоти муҳоҷират ҳамзамон тарзи сабти ном кардани муҳоҷирон дар ин давлатро ба марзбонон шарҳу тавзеҳ доданд. Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






