Сафари кории Сарвазири Тоҷикистон ба Туркия
Анқара, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 28 август дар ҷараёни сафари кории Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Туркия мулоқоти мавсуф бо раиси Иттифоқи палатаю биржаҳои Туркия Мустафо Рифъат Ҳисорҷикоғлу баргузор гардид. Зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Рифъат Ҳисорҷикоғлу зикр нмуд, ки моҳҳои наздиктарин бо иштироки гурӯҳи намояндагони ширкатҳои калони Туркия ба Тоҷикистон сафар карда, ҳамоиши тоҷиронро доир менамояд.
Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Шӯрои тоҷирони Туркия ва Тоҷикистон Маҳмуд Эр ва раиси Шӯрои директорони «Цzdoрan Grup» Зайнал Уздоған мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёту тиҷорат, бунёди неругоҳҳои барқӣ, истихроҷу коркарди маъдан, сохтмони роҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Қоҳир Расулзода бо раиси гурӯҳи парлумонии Тоҷикистону Туркия, вакили Маҷлиси бузурги олии Туркия Мустафо Қабақчӣ мулоқот анҷом дода, зимни он рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва ҳамкории судманд ба дараҷаи баланд арзёбӣ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






