Сафари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба Алмаато
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дирӯз мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо мунтахаби Қазоқистон ба Алмаато сафар кард. Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Алмаато баргузор мешавад.Ба бозии мазкур доварон аз Қирғизистон бо раҳбарии довари ФИФА Дмитрий Машенсеви хидмат мекунанд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Сергей Гришенкои ва Баҳодур Қучқорови ки ба гурӯҳи Равшан Ирматов дар Ҷоми ҷаҳон- 2014 дар Бразил дохил буд, кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбеков таъин шудааст. Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон пештар се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар ду бозӣ футболбозони қазоқ пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






