Сардухтуреро меҷӯянд, ки дорои таҷрибаи роҳбарикунанда бошад
Душанбе, 12.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи сардухтури беморхонаи бисёрсоҳавӣ, ки интизор меравад тирамоҳи соли равон ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе ба истифода дода шавад, такроран аз 11 август то 15 сентябри соли равон озмун эълон намуд. Озода Саидвалиева -мудири шӯъбаи кадрҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар озмун шахсоне, ки дорои маълумоти олии тиббӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар муассисаҳои тиббианд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бояд тазаккур дод, ки беморхонаи бисёрсоҳавӣ, ки дар кӯчаи Неъмат Карабоеви пойтахт дар маҳаллаи 46-ум бунёд гардида, дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






