Сармоягузории Ҳиндустон ба Тоҷикистон
Душанбе, 08.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо Президенти истехсолкунандагони миллии умумихиндустони, роҳбари ширкати DUGAR Тарочанд Дугар ва мушовираш Даман Прокаш ва Мину Фали Титин мулоқот намуд.Тибқи иттилои ПСС мақсади сафари ҳайат ҷустуҷӯи шарикон оид ба тиҷорат, омӯзиши бозорҳои Тоҷикистон , ҳамчунин самтҳои ояндадори сармоягузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.Зимни мулоқот оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъсиси корхонаҳо, мусоидат ба рушди инфрасохтори туризм, омода намудани кадрҳои соҳибкор табодули афкор сурат гирифт.Тарочанд Дугар доир ба фаъолияти созмонҳои истехсолкунандагони миллии умумихиндустони , ки дар шаҳрҳои Ҳиндустон 15 намояндагӣ ва 3 ҳазор аъзо дорад муфассал нақл намуд. Созмони мазкур тибқи иттилои Тарочанд Дугар ба аъзоёни худ, махсусан дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳо кӯмак мерасонад. «Намоишгоҳ ва бизнес форуми ҳайати соҳибкорон хамчун омили босамари рушди иқтисодӣ метавонад барои густариш ва таҳкими робитаҳои расмии Ҳиндустон ва Тоҷикистон имкониятҳои навро кушояд » ,- қайд намуд А. Карамалиев.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






