Семинари ҷумҳуриявӣ дар Панҷакент
Панҷакент, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар пойгоҳи сайёҳии Артучи шаҳри Панҷакент бо иштироки мутахассисони соҳаи байтории мамлакат оид ба амнияти озуқавории кишвар семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар иштирокчиёни семинарро ба диёри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки амнияти озуқавории кишвар яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои расидан ба ин ҳадаф истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, бахусус соҳаи чорводориро рушд додан зарур аст. Зимни баррасии масоили амнияти озуқавории кишвар, роҳҳои пешрафту босамар гардонидани соҳаи чорводорӣ ва мушкилоти ҷойдошта академикҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ибодулло Сатторӣ, Мулло Амирбеков, номзадҳои илм Шералӣ Воҳидов, Ризвонов, Ш. Турдиев, С. Мурватиллоев, А. Маҳмашоев, О. Зиёев, Д. Ваҳҳобов, М. Мирзоаҳмадов андешаҳояшонро баён доштанд. Тавсияҳои олимон дар бораи усулҳои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятии чорво, аз қабили вабои сумдард, сӯхтанӣ, ҳорӣ ва дигар бемориҳои чорво хеле ҷолиб буданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






