Шӯрообод: Муроҷиати 33 нафар нафақахур
Шӯрообод, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Шӯрообод дар асоси қонуни ҶТ « Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ» амал намуда, дар таъмини нафақапулии нафақахӯрон нақши босазо доранд. Дар қайди шуъбаи мазкур 254 ташкилоту муассиса , корхонаҳои хурди хусусӣ ҳамчун супорандагони аъзоҳақии саҳмияи суғуртаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби таъмини нафақаи андухтии шаҳрвандони ба нафақа баромада ба АСИН- и ноҳия 33 нафар нафақахурон муроҷиат намуданд, ки ҳамаи онҳо ба маблағи 11,5 ҳазор сомонӣ маблағи андухти пардохт карда шудааст. Нақшаи қисми даромади буҷети саҳмияи суғуртаи иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 129,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба суратҳисоб 130,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст. Қисми даромади андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ бошад, дар ин муддат 2 м 139 ҳ 981 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 2 млн 366 ҳ 414 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 109 %-ро дар бар мегирад. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳияи Шӯрообод 3 ҳ 911 нафар нафақахурон ба қайд гирифта шуда, талаботи нафақаи онҳо то ин муддат 5 м 711 ҳ 501 сомонӣ пешниҳод шуда, то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ пурра маблағгузорӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






